ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ МЕЪМОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Гулмаддов Ф. Муҳиддинзода Б..pdf)Гулмаддов Ф. Муҳиддинзода Б.ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ МЕЪМОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОҶИКИСТОН50

 


МУАЛЛИФ: Гулмадов Файз, д.и.п., мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон; Муҳиддинзода Баҳриддин унвонҷўи ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи барои Тоҷикистони муосир муҳим – нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ тавассути ошно сохтани насли наврас бо фарҳангу маданияти меъмории халқи тоҷик барасӣ мегардад. Дар мақола бо тартиби таърихӣ анъанаҳои меъмории бинои дабистонҳо, дабиристон ва мадрасаҳо оварда шудаанд. Хусусиятҳои хоси меъмории муассисаҳои таълимӣ дар давраҳои гуногуни таърихии рушди халқи тоҷик баррасӣ гардидаанд. Зимни таҳлил ва омўзиши дақиқкоронаи осори таърихӣ муаллифон ба хулосае меоянд, ки бархе аз анъана ва усулҳои сохтмони ниёгонро дар сохтмони муосир мавриди истифода қарор додан имконпазир аст. Махсусан сохтмони гунбазҳо, айвонҳо, ҷудо намудани ҳуҷраҳо ба зимистона ва тобистона ба андешаи муаллифон мувофиқи мақсад мебуд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳуввияти миллӣ, ҳуввияти давлатӣ, анъанаҳои меъморӣ, дабистон ва дабиристон, мадраса.