2021 сол
ТАШАККУЛИ АНГЕЗАИ МАЪРИФАТИ ДОНИШҶӮЁН ҲИНИ ТАШХИСИ МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДМАЗМУН
МУАЛЛИФ: Абдуллоев Ғафурҷон, н.и.п., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ; Назаров Пайравҷон Абдусамиевич, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола оид ба роҳгузории фаъолияти маърифативу эҷодии донишҷӯён дар маҷрои таълим тавассути ҷиҳози математикӣ зимни амсилабандии хаттӣ ва истифодаи маҳакҳои омор диққату эътибори хос ҷудо карда шудааст.Қайд мешавад, ки ташхиси иқтисод ва унсурҳои он яке аз мушкилоти умдаи иқтисоди муосир буда, ташхиси мукаммали раванди коркарди таҳлили иқтисодии ба усулҳои илмии маърифати иқтисод ва татбиқи дастаҷамъи усулҳо васоит ва тарзҳои таҳлили иқтисод асос меёбад.Тазаккур меравад, ки мақбулияти ташхиси иқтисод дар он зуҳур меёбад, ки объекти он раванди васеъгардонии мушаххаси такрористеҳсолкунӣ ва предмети маърифати ҳолатҳои минбаъдаи имконпазири объектҳои иқтисод ва тарзҳои коркарди ташхисҳои иқтисодӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки таҳлили сифатӣ ва миқдории равандҳои воқеии иқтисод, зоҳиркунии шароитҳо, омилҳо ва тамоюли рушд моҳияти умдаи ташхиси иқтисодро зоҳир менамояд.Зикр гардидааст, ки тарафайн имконпазирии ташхис ҳангоми муносибатҳои гуногуни алоқамандӣ ва сохторӣ бо имкониятҳои рушди объекти иқтисод тибқи масирҳои гуногун дорои вобастагии ногусастанист. Хулоса мешавад, ки маърифати раванди ташхиси иқтисод ва унсурҳои он аз ҷониби донишҷӯёни тамоюли иқтисод ва дар ин замина, ташаккулдиҳии ангезаи маърифати онҳо муҳимияти хос пайдо кардааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ташхиси иқтисод, мураттабӣ, комилмувофиқӣ, тарафайни мконпазирӣ, сатрҳои даргузари мушоҳида, рушди афзоиши мутлақ, тренд, тамсилаи хаттии таҳқиқот, чашмдошти математикӣ, ангезаи маърифат.