БАЪЗЕ ШАКЛУ ВОСИТАҲОИ САМАРАБАХШИ КОРИ МЕТОДӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЗУДҲАРАКАТИИ КАСБИИ МУАЛЛИМОНИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МАКТАБҲОИ МИЛЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шаропов Ш.А. Гафори М.Г..pdf)Шаропов Ш.А. Гафори М.Г.БАЪЗЕ ШАКЛУ ВОСИТАҲОИ САМАРАБАХШИ КОРИ МЕТОДӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЗУДҲАРАКАТИИ КАСБИИ МУАЛЛИМОНИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МАКТАБҲОИ МИЛЛӢ54

 


МУАЛЛИФ:  Шаропов Шавкат Аҳмадович, д.и.п., профессори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров»; Гафорӣ Муҳримахон Ғафорзода, унвонҷўи кафедраи педагогикаи умумии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола баъзе шаклу воситаҳои самарабахши кори методӣ оид ба баланд бардоштани пӯёӣ(зудҳаракатӣ)-и касбии муаллимони забони русӣ дар мактабҳои миллӣ баррасӣ шудаанд. Қайд мешавад, ки ташкили ҳадафмандонаи раванди таълим барои баланд бардоштани пӯёии касбии муаллимони забони русӣ дар мактабҳои миллӣ бо рушди як қатор салоҳияти касбӣ алоқаманд аст. Татбиқи ин раванд ба принсипи муттаасилии таҳсилоти мактабӣ ва донишгоҳӣ асос ёфтааст. Дар мақола як қатор шаклу воситаҳои самарабахши корҳои методӣ оид ба баланд бардоштани пӯёии касбии муаллимони забони русӣ дар мактабҳои миллӣ, аз ҷумла, мундариҷа, ҷойгоҳ ва аҳамияти семинарҳои назариявӣ(маърӯзаҳо, паёмҳо), семинарҳои равоншиносӣ ва педагогӣ, баҳсҳо, мубоҳисаҳо, бозиҳои тиҷоратӣ, нақшбозӣ, бозиҳои тақлидӣ ошкор карда мешаванд; дарси панорамавӣ, муҳокимаи техникаи муосир, технологияҳо, дастовардҳои илми равоншиносӣ ва педагогӣ, конфронсҳои илмию амалӣ, хонишҳои педагогӣ шарҳу эзоҳ ва таҳлил карда шудаанд. Хулоса шудааст, ки истифодаи шаклҳо ва корҳои гуногуни методӣ бо назардошти имконот ва ниёзҳои ҳар як ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба баландшавии пӯёии касбии омӯзгорони забони русӣ дар мактабҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

пӯёии касбӣ, шаклҳо ва воситаҳо, корҳои методӣ, муаллимон, хонандагон, таълим, тарбия, муассисаҳои таълимӣ.