РАСУЛ ҲАМЗАТОВ ДАР ФАЗОИ АДАБИЮ ЭСТЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Алибекова П.М.pdf)Алибекова П.МРАСУЛ ҲАМЗАТОВ ДАР ФАЗОИ АДАБИЮ ЭСТЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН65

 


МУАЛЛИФ(ОН): Алибекова Патимат Магомедовна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола эҷодиёти ғанӣ ва пурҷанбаи Расул Ҳамзатов дар фазои адабии Тоҷикистон, ки то ба имрӯз ба хонандаи тоҷик ҷолиб аст, баррасӣ мешавад.Тазаккур меравад, ки доир ба ҳаёт ва мероси адабии ӯ таҳқиқоти сершуморе мавҷуданд, аммо, мавзӯи Расул Ҳамзатов ва эҷодиёти ӯ дар фазои адабии ҷаҳон то ҳанӯз аз ҳама камтар омӯхта шудааст. Муроҷиат  ба  тадқиқи мавзӯи Расул Ҳамзатов ва Тоҷикистон комилан табиист, зеро шоири маъруфи Доғистонро бо Тоҷикистон робитаҳои васеи эҷодӣ ва дӯстона пайвастааст. Осори ӯ дар дили тоҷикон маъво гирифта, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва хеле маъмул гардидаанд. Тарҷумаи тоҷикии "Доғистони ман" -и Расул Ҳамзатов, ки  дар асл чанд маротиба таҷдиди чоп шудааст ва ашъори ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, метавонад мавзӯи таҳқиқоти махсуси олимони тоҷик гардад. Муаллиф дар ин мақола кӯшиш кардааст, ки нақши шоирони бузург Расул Ҳамзатов ва Мирзо Турсунзодаро дар эҷоди адабӣ,бо тарҷумаи асарҳои Расул Ҳамзатов ба  забони тоҷикӣ ва ашъори Мирзо Турсунзода ба забони русӣ, дар наздикшавии ду халқ, таблиғи арзишҳои фарҳангӣ ва адабӣ ва ғайра нишон диҳад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Вожаҳои калидӣ: муҳити адабии тоҷик, Расул Ҳамзатов, Мирзо Турсунзода, назм, наср.