ДОИР БА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ҲАВЗАИ АДАБИИ САМАРҚАНД (АСРИ XYI)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Маҳмадшоев М.М.pdf)Маҳмадшоев М.МДОИР БА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ҲАВЗАИ АДАБИИ САМАРҚАНД (АСРИ XYI)43

 


МУАЛЛИФ(ОН): Маҳмадшоев Маҳмадшо Мирзошоевич



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба саҳми назарраси аҳли илму адаб ва фарҳанги Самарқанд дар таърихи ташаккул ва пешрафти адабиёти тоҷики асри ХVI сухан рафта, таъкид шудааст, ки ин сарзамин дар ҳамаи давраҳои таърихӣ илм ва фарҳанги ин шаҳр барои пешрафти улуму санъати олам ҳиссагузор будааст. Муаллиф дар бораи вазъи адабиёт дар ҳавзаи адабии Самарқанди асри ХVI мулоҳизаронӣ намуда, мувофиқи навиштаҳои донишмандон монанди В.В. Бартолд, У.Э.Бертелс,У.Каримов, С.Саъдиев хулосабарорӣ кардааст. Инчунин ба маълумоти асари ёдоштии Восифӣ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ва тазкираи Мутрибии Самарқандӣ бештар такя намудааст.Тибқи ахбори овардаи муаллифи мақола дар нимаи аввали аҳди мазкур адабиёти ҳунармандӣ ва доираҳои шаҳрӣ бештар нуфуз дошта, адабиёти дарборӣ қариб ба чашм намерасид, аммо дар нимаи дуюми ин аҳд бо баробари мустаҳкам гаштани давлати Шайбониён сафи шоирони қасидасаро ва дарборӣ афзудааст.Муаллиф дар баробари овардани намунаи ашъори шоирони шинохта, (монанди Нозимии Миёнколӣ, Фигории Самарқандӣ, Амини Даҳбедӣ, Афзали Самарқандӣ, Содиқии Самарқандӣ, Боқии Самарқандӣ, Чошнии Самарқандӣ) инчунин аз эҷодиёти суханварони на он қадар машҳур, ки дар замони зиндагияшон соҳиби девон будаанд ва дар мавзӯъҳо ва жанрҳои гуногун эҷод намудаанд маълумоти муфид пешниҳод менамояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

суханварон, Самарқанд, адабиёти ҳунармандӣ, доираи адабӣ тазкира, Мутрибӣ, ёдошт, маълумот, асри XYI, аҳволу осор.