2021 сол
ЭҶОДИЁТИ УСТОД РАҲИМ ҶАЛИЛ АЗ ДИДИ АДИБОН ВА ОЛИМОН
МУАЛЛИФ(ОН): Файзуллоев Неъматҷон, Абдувоҳидова Таҳмина Неъматҷоновна
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки дар асоси фикру мулоҳизоти аҳли илму адаб падидаҳои истеъдоди фитрии эҷодии эҷодиёти рангину пурмояи Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Раҳим Ҷалил ва хусусиятҳои умдаи ғоявию бадеӣ ва услубии асарҳои ӯ амиқ бозгӯй гардад. Қайд мешавад, ки нависанда дар ташаккул ва инкишофи насри реалистии тоҷик дар асри XX нақши барозанда гузоштааст, ки ин хидмати суханвари маҳбуб, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, мавриди назари адибону олимон гардидааст. Дар мақола, бахусус, рисолаҳои илмии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик Хуршеда Отахонова, профессорон Лариса Демидчик, Атахон Сайфуллоев ва Раззоқ Ғаффоров нисбатан батафсил таҳлил шуда, муаллифон оид ба ташаккули сабки эҷодии нависанда, масоили забон ва услуб дар асарҳои адиб, робитаи таркибии эҷодиёти мавсуф бо осори лафзии халқ, маҳорати воқеанигорӣ, қиссапардозӣ, образофаринии Раҳим Ҷалил ва аз боби мақоми хосаи ӯ дар насри тоҷикии садаи гузашта андешаронӣ кардаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Раҳим Ҷалил, нависанда, асарҳо, очерк, ҳикоя, роман, қиссаи ҳуҷҷатӣ, адабиётшинос, хусусиятҳои ғоявию бадеӣ, забон ва услуб, таҳлилу тадқиқ, эҷодиёт.