2021 сол
УНСУРҲОИ ШАРҲИ ҲОЛӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР АШЪОРИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ (ҶАНГОВАРОН, ШАҲИДОН ВА АСИРОНИ ИШҚ)
МУАЛЛИФ(ОН): Мирзоюнус Матлуба, Ҳайзер Александр Робертович
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Мақола ба масъалаи ҷойгоҳи самбули ҷанг дар низоми тасвир ва поэтикаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ва нақши он дар инъикоси шарҳи ҳол ва замони зиндагии шоир ихтисос ёфтааст. Муаллифон вожаву таркибҳои ифодагари ҷангро, ки дар шеъри шайх Камол басомади зиёд дорад, аз рӯйи мазмун дастабандӣ карда, саъй намудаанд, ки дар миёни матолиби ирфонӣ маонии воқеиву заминӣ ва марбут ба таъриху замони зиндагии шоирро дарёбанд. Бо истифода аз фарҳангномаҳои тахассусӣ шарҳи вожаву самбулҳои марбут ба ҷанг сурат гирифта, нақши онҳо дар бозкушои матлабҳои шеърӣ зикр ёфтааст. Муаллифон ба хулосае расидаанд, ки бо вуҷуди тарҷеҳ доштани матолиби ирфонӣ, дар шеъри шайх Камоли Хуҷандӣ нохудогоҳона матолиби шарҳиҳолӣ ва таърихӣ низ баён шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
низоми тасвир, қолаби шеър, самбули ҷанг, шоҳид, асири ишқ, унсурҳои шарҳиҳолӣ ва таърихӣ, инъикоси замон.