ИНЪИКОСИ ДАВРАИ САНОАТИКУНОНӢ ВА МАВЗӮИ ПУЛ ДАР РОМАНИ М.Ю. ЛЕРМОНТОВ «ҚАҲРАМОНИ ДАВРОНИ МО»

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Погребная Я.В.pdf)Погребная Я.ВИНЪИКОСИ ДАВРАИ САНОАТИКУНОНӢ ВА МАВЗӮИ ПУЛ ДАР РОМАНИ М.Ю. ЛЕРМОНТОВ «ҚАҲРАМОНИ ДАВРОНИ МО»45

 


МУАЛЛИФ: Погребная Яна Всеволодовна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақсади мақола муайян кардани мавзӯи пул ҳамчун аломати давраи саноатикунонӣ(индустриализатсия) дар романи «Қаҳрамони даврони мо»-и М.Ю. Лермонтов мебошад. Равиши асосии тадқиқот  муқоисавию таърихӣ  аст, ки ба муайян намудан ва муқоисаи заминаҳое, ки дар бобҳои роман корбурди номи воҳидҳои пулӣ ва ҳолатҳои муомилоти хариду фурӯш ё додугирифти гуногун, нигаронида шудааст. Навоварии илмии тадқиқот аз муайян намудани таъсири муносибатҳои молию пулӣ, ки дар замони саноатикунонӣ ба амал омада, ба амали қаҳрамонони роман ва ҳавасмандии онҳо муассир аст, иборат мебошад. Дар натиҷаи таҳқиқ, мизони беқурбшавии арзишҳои ахлоқӣ ва аз байн рафтани шуури қаҳрамонони роман муайян карда мешавад, ки ангезаи амали онҳоро таъсири «асри саноатӣ» муайян мекунад. Тадқиқоти гузарондашуда имкон дод, ки хусусиятҳои нави реализми романи М.Ю.Лермонтов ошкор гарданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

муносибатҳои  молию  пулӣ, замон, давра, қаҳрамон, реализм, пул.