2021 сол
"АНЪАНА ВА МАРОСИМҲОИ ТОҶИКОН МАРБУТ БА НИГОҲУБИН ВА ҲИФЗИ ТИФЛ"
МУАЛЛИФ: Турсунов Назирҷон Очилович, Исомитдинов Жорабек Бобобекович
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таҳқиқи масъалаи анъана, урфу одат ва маросимҳои марбут ба тавлиди фарзанд ва ҳифзи тифл бахшида шудааст. қайд карда шудааст, ки таваллуди фарзанд барои ҳар оилаи тоҷик хурсандии беандоза меорадвавобаста ба он аз қадим расму анъанаву маросимҳо доир мегарданд. Риояи суннату маросимҳо як навъ ғамхорӣ ба модару кӯдак ва ҳифзи саломатии онҳо буд. Муаллифи мақола кўшиш намудааст, ки лаҳзаҳои этнографӣ(мардумшиносӣ)-и риояи таомулҳои давраи ҳомиладорӣ, тавлиди фарзанд, ба гўши тифл азон гуфтан, номгузории кўдак, баргузор намудани маросими гаҳворабандон, риояи боварҳо ҳангоми мўйсаргирӣ, бори нахуст баромадани дандони тифл ва ғ. баррасӣ намояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
оила, расму оин, маросимҳо, тавлиди фарзанд, номгузорӣ, чилла, гаҳворабандон.