ДОИР БА БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ПУБЛИСИСТИКАИ ҲАҶВИИ БАҲРИДДИН АЗИЗӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Носирова О.О.pdf)Носирова О.ОДОИР БА БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ПУБЛИСИСТИКАИ ҲАҶВИИ БАҲРИДДИН АЗИЗӢ63

 


МУАЛЛИФ(ОН): Носиров Осимбой Орифович



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола роҷеъ ба баъзе хусусиятҳои публисистикаи ҳаҷвии адиби муосири тоҷик Баҳриддин Азизӣ баҳс менамояд. Тазаккур меравад, ки матбуоти солҳои 20-30-уми тоҷик барои бунёд ва густариши тафаккури танқидӣ, шаклгирии жанрҳои адабӣ ва журналистӣ, публисистика ва ҳаҷви публисистӣ нақши босазое дорад.Б.Азизӣ чун як эҷодкор ва равшанфикр дар радифи садҳо адиб дар ин муборизаҳо ширкат варзида, ба афкори дар он замон мубрам – раҳоӣ аз мафкураи феодалӣ ва пасмондаҳои замони гузашта пайравӣ менамуд. қайд кардан мешавад, ки нобаробариҳои ҳаёти муосир, сиёсату корбарии масъулин ва ноӯҳдабароии роҳбарону директорони совхоз, колхозу корхонаҳо ҳамеша объекти танқиди журналист ҳисоб меёфтанд. Б. Азизӣ дар аксар маводаш симои аслии қаҳрамонҳояшро барои хонанда тавассути ҳаҷв, ҳаҷви кинояомез ранҷу писханд фош месозад. Хулоса мешавад, ки публисистикаи ҳаҷвии матлабҳои Б.Азизӣ то имрӯз барои бозтоби масоили мубрами замони адиб ва раванди ташаккули ҷомеаи нав, усулҳои ҷадиди давлатдорӣ, ҳамчунин шаклгирӣ, рушд, ташаккул ва таҳаввули адабиёту фарҳанги милии тоҷикон дар солҳои 20-30-и қарни ХХ саҳми арзанда мебозанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

адабиёти тоҷик, Баҳриддин Азизӣ, насри тоҷик, жанри ҳикоя, тақриз, адабиёти асри бист, нақди адабӣ, ҳаҷви публитсистӣ, ҳаҷви матбуотӣ.