Тозанашр
НАСРИ АХЛОҚӢ ДАР ДАВРОНИ САБКИ БАЙНОБАЙН
МУАЛЛИФ: Нигматов Нӯмонҷон Исломович, доктор (PHd), дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақола ба яке аз марҳилаҳои сабки насри форсӣ-тоҷикӣ бахшида шудааст. Муалллиф осори мансури ахлоқиро дар давраи сабки байнобайн ба баррасӣ гирифтааст. Таъкид гардида, ки хусусиятҳои умдаи сабки насри байнобайн ин ҷумлаҳои нисбатан дарозу тулонӣ, тавсиф, истишҳод ба оёту аҳодис, тамсил, тақлид аз насри тозӣ ва истифодаи бештари калимоту таъбироти тозӣ мебошад. Муаллиф баён дошта, ки бо сабки байнобайн осоре, чун «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тӯсӣ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Кашф-ул-асрор»-и Абулфазл Рашидуддини Майбудӣ, Осори Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ, «Хон-ул-ихвон»-и Носири Хусрав ва чанде дигар ба қалам омадааст. Муаллифи мақола дар поёни таҳқиқ хулосаи баоррасиро дар чанд нукта пешкаш намудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
насри ахлоқӣ, сабки байнобайн, насри форсӣ, осор, сабк, ахлоқ, тоҷнома, панднома, сабки хуросонӣ.