ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ НУТҚИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ ГУМАНИТАРӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ҒАЙРИМОДАРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Негматова М.М.pdf)ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ НУТҚИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ ГУМАНИТАРӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ НУТҚИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ ГУМАНИТАРӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ҒАЙРИМОДАРӢ3

 


МУАЛЛИФ: Негматова Мунира Мухамедовна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии МТД «Донишгоҳи далвтии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Дар мақола яке аз масъалаҳои муҳимми таълими забони русӣ ҳамчун забони ғайримодарӣ – ташаккули фарҳанги нутқи муҳассилини мактабҳои олии ҷумҳурӣ (ихтисоси гуманитарӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф мутмаин аст, ки дар шароити омӯзиши забони русӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷикзабон барои соҳиб шудан ба нутқи фасеҳ ва мураттаб донистан ва пайдо кардани маълумот оид ба ҳаёти халқи рус, анъана ва расму русум, урфу одат ва воқеияти кишвар мақоми хосса дорад. Воқеан азбар намудани дониш ва иттилоот роҷеъ ба кишваре, ки забонаш омӯхта мешавад, дар раванди муоширати байнифарҳангӣ зарур ва муҳим аст. Омӯзгор ҳатман дар доираи иттилооти мушаххас ва ҳаҷман зарури маводҳои мутаалиқ ба ҳаёт ва зиндагии мардуми кишвари рус бояд огоҳӣ дошта бошад, то баҳри муҳассилинро барои омода кардан ба муоширати комил омода созад. Дар ин росто ба вай махсусан сарчашмаҳои фарҳангӣ, вожаномаҳои кишваромӯзӣ, матнҳои адабӣ ва машқу супоришоти коммуникативӣ ёрии калон мерасонанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

забон, забони русӣ, фарҳанг, ташаккул, фарҳанги нутқ ва гуфтор, таълим, омӯзиш, тафсир, шарҳ, вожа, мафҳум, калима, фарҳанги миллӣ, донишҷӯ, муҳассил, халқи рус, анъана, урфу одат, расму русум.