САМАРАБАХШИИ ПЕДАГОГИИ РУШДИ ЛАЁҚАТМАНДИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳошимова Г.Г.pdf)САМАРАБАХШИИ ПЕДАГОГИИ РУШДИ ЛАЁҚАТМАНДИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР РАВАНДСАМАРАБАХШИИ ПЕДАГОГИИ РУШДИ ЛАЁҚАТМАНДИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ9

 


МУАЛЛИФ: Ҳошимова Гулшан Гадойбоевна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти  кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”  (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Мақола масъалаҳои амалисозии низоми муносибати босалоҳият ба инкишофи лаёқатмандии хонандагони хурдсол дар дарсҳои забони модарӣ, имконоти самараноки рушди нишондиҳандаҳои лаёқатмандии кудакон дар раванди таълим, хониши беруназсинфӣ, инкишофи фаъолияти  эҷодӣ ва мустақилонаи хонандагонро дар бар мегирад.Муаллиф кӯшиш намудааст, ки вазифаҳои таълими забони модариро бо дарназардошти лаёқатмандии хонандагони хурдсол ҷиҳати такмили минбаъдаи малакаи ибтидоии хондан, дурустӣ, равонӣ, бошуурона ва ифоданок будани он; ташаккули дарки пурраи асари бадеӣ аз ҷониби хонанда; дар онҳо инкишоф додани ҳиссиёти ахлоқиро муайян намояд.

Ҳамин тариқ, муаллиф хулоса намудааст, ки дарсҳои забони модарӣ ба омӯзгор имкони ташаккул додани шахсияти кӯдаки лаёқатмандро фароҳам меоранд, то ки вай дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муоширати шахсӣ барои дарки дурусти иттилоот, мулоҳиза намудани он, таъсир расонидан ба эҳсосоту андешаҳои атрофиён, ҳимояи нуқтаи назари худ ва ба назар гирифтани ақидаҳои дигарон қобилият пайдо намояд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

ошкорсозии лаёқатмандии хонандагон, рушди лаёқатмандӣ, фаъолияти таълимӣ, таълими ибтидоии забони модарӣ, инкишофи нутқ,  хониши мустақилонаи, сарчашмаҳои эҷодӣ.