Тозанашр
МЕЪЁР ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШДИ ҶУЗЪҲОИ СОХТОРИИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ
МУАЛЛИФ: Исоева Тахмина Ҳошимовна, муаллими калони кафедраи методикаи таълими физикаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масоили меъёр ва нишондиҳандаҳои ҷуъҳои сохтории тафаккури техникӣ баррасӣ шудааст. Аз он ҷумла, қайд карда мешавад, ки рушди ҷузъҳои сохтории тафаккури техникӣ кори системанокро дар самти рушди малакаҳову маҳоратҳои махсус дар хонандагон талаб мекунад. Арзёбии сатҳи рушди ҷузъҳои мазкур камбудиҳоро ошкор мекунад, самтҳоро барои рушди минбаъда муайян мекунад ва талаботи инфиродии ҳар як хонандаро дар раванди таълим дастгирӣ мекунад. Муаллиф таъкид мекунад, ки омӯзиши меъёрҳо ва марҳилаҳои рушди ҷузъҳои сохтории маърифати техникӣ барои шарҳи раванди рушди малакаҳои таҳлил, ҳалли масъалаҳо ва навовариҳои техникӣ дар хонандагон заминавӣ маҳсуб меёбад. Тавсифоте, ки марҳилаҳои рушди ҷузъҳои сохтории маърифати техникиро муайян мекунанд, барои арзёбӣ намудан ва муқоисаи сатҳи салоҳиятҳои хонандагони муасисаҳои миёнаи умумӣ асос шуморида мешаванд. Муайян намудани нишондиҳандаҳо ва марҳилаҳои мазкур имконият медиҳад на танҳо ҳолати имрӯзаи омодагии техникии хонандагони муасисиаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро арзёбӣ намоем, балки инчунин барои фаъолияти минбаъда стратегия коркард намоем.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
меъёр, нишондиҳанда, ҷузъҳои сохторӣ, тафаккури техникӣ, рушд, малака, маҳорат, хонандагон, талаботи инфиродӣ, марҳилаҳои рушд, таҳлил, ҳалли мушкилот, навгонии техникӣ, маърифати техникӣ.