Тозанашр
ОИД БА БАЪЗЕ ҶАБҲАҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ИҚТИСОДИИ ДОНИШҶӮЁНИ МАКОТИБИ ОЛӢ
МУАЛЛИФ: Наботов Зафар Ҷалилович, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола баъзе ҷабҳаҳои технологияи ташаккули фарҳанги иқтисодии донишҷӯёни макотиби олӣ баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки таълими самараноки донишҷӯ ва соҳибкасб шудани вай иҷрои ду шартро талаб мекунад: якум, ба таълимгирандагон бояд олами фарҳангро дар мутобиқи доираи дониши инсонӣ пешкаш кард; дуюм вай худро бояд чун субъекти қобили фаъолона азхуд кардани ин ҷаҳон нишон диҳад, ки муҳтавои он ба касбаш ҳаммонанд аст. Масъалаи ташаккули мақсадноки фарҳанги тафаккури иқтисодии донишҷӯён танҳо бо усулҳои анъанавии омодагии иқтисодӣ ҳаллу фасл намешавад. Хулоса шудааст, ки бояд роҳу усулҳои навро дарёфт кард, ки тағйироти ҷиддиро ҳам дар муҳтавои таълим ва ҳам усули татбиқи раванди таълим, ҳамчунин дар шуури донишҷӯёну омӯзгорон пешбинӣ менамоянд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фарҳанги тафаккури иқтисодӣ, технологияи педагогӣ, раванди таълим, салоҳиятнокӣ, ташаккул, мақсаднокӣ, омӯзгор, донишҷӯй, макотиби олӣ, маводи таълимӣ