ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ФАЪОЛИЯТИ БОЗӢ, ТАЪЛИМӢ-МАЪРИФАТӢ, КАСБӢ-МЕҲНАТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Пӯлотов И.М.,Аҳмедов Ҳ.М.pdf)ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ФАЪОЛИЯТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ФАЪОЛИЯТИ БОЗӢ, ТАЪЛИМӢ-МАЪРИФАТӢ, КАСБӢ-МЕҲНАТӢ10

 


МУАЛЛИФ: Пӯлотов Исмоил Маматович, н.и.п., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ; Аҳмедов Ҳусенбой Маҷидович, н.и.п., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи  МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Самаранок гардонидани фаъолияти ҳаётии одам-гурӯҳи-иҷтимоӣ-ҷомеа -инсоният аз баланд бардоштани сифати намудҳои фаъолият вобаста аст. Дар шароити муосири рушди ҷомеа ба субъекти фаъолият мутобиқ гардидан ба муҳити атроф торафт мушкил ва мураккаб шуда истодааст, зеро субъекти фаъолият фаъолияти ҳаётии худро новобаста ва ҷудо аз муҳити атроф роҳандозӣ ва иҷро карда наметавонад. Зарурати воқеӣ бармеояд нисбати доимо, мутассил баланд бардоштани сатҳи салоҳияти иҷро намудани фаъолияти худ. Бо дарназардошти ин ақида субъекти фаъолият аз синни хурдсолӣ оғоз намуда, бояд мақсаднок, бошуурона ва фаъолона ба иҷро намудани намудҳои фаъолият омода карда шавад. Вобаста ба ин байни намудҳои гуногуни фаъолият на бояд, ки аз ҳамдигар ҷудоӣ ва маҳдудияти алоқамандии байни ҳамдигарӣ бошад. Онҳо бояд, ки диалектикаи ягонагӣ, алоқамандии байни ҳамдигарӣ ва аз ҳамдигар вобастагиро ташкил диҳанд. Муносибати низомӣ-сохторӣ, низомӣ-фаъолиятнокиро мавриди истифода қарор дода, муаллифони мақола ба консепсияи назариявии аз ҷониби олими машҳури булғорӣ Любен Николов доир ба сохтори фаъолият такя намудаанд. Дар асоси ин назария амсилаҳои фаъолияти бозӣ, таълимӣ-маърифатӣ, касбӣ-меҳнатӣ таҳия карда мешавад, ки дар он техника ва технологияи иттилоотӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати фаъолият мавриди назар мегардад. Аммо, аз ҷониби муаллифон махсус таъкид карда мешавад, ки техника ва тхникаи иттилоотӣ танҳо дар ҳолати алоқамандии воқеӣ ва самаранок бо воситаҳои анъанавии фаъолият воситаи баланд бардоштани сифати фаъолият гардида метавонад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

фаъолият, фаъолияти бозӣ, фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ, фаъолияти касбӣ-меҳнатӣ, сифати натиҷаи фаъолият, техника ва технологияи иттилоотӣ, субъекти фаъолият, воситаи фаъолият, мақсад ва вазифаҳои фаъолият, бозиҳои компютерӣ, диалектикаи ягонагӣ, бо ҳамдигар алоқамандӣ ва аз ҳамдигар вобастагии намудҳои фаъолият.