Тозанашр
НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАВАССУТИ ОМӮЗИШИ ФАННИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК
МУАЛЛИФ: Маҷидзода Ҷамшед, унвонҷӯи ПРМ ба номи А. Ҷомии АТТ, (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур ба масъалаи ҳунару ҳунармандӣ, таърихи инкишофи он, санъати амалии халқи тоҷик диққати махсус дода шуда, мавқеи анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муфассал баррасӣ гардонида шудааст.
Дар мақолаи мазкур қайд карда мешавад, ки санъати амалии халқӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардуми тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Шиносоӣ бо таҳқиқоти олимони маъруф Р. Масов, Н. Нурҷонов, Ю. Якубовский, М. Рузиев ва дигарон моро ба хулосае меорад, ки ҳунару ҳунармандӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ ташаккул ва ривоҷу равнақ ёфта, ҷараёни тарбияи насли наврасро дар ин рӯҳияи миллӣ осон мегардонад. Инчунин муаллифи мақола қайд менамояд, ки таҷассуми ҳунари кандакорону чубтарошонро дар сохтани табақу коса, кати миллӣ сутунҳои зебо, маснуоти армуғонӣ, гаҳвораҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҳунармандӣ, анъанаҳо, мерос, гулдӯзӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, сару либос, абрешим, дӯкон, адабиёт, фарҳанг