ТАЪСИPИ КӮЧИ ИҶБOPӢ БА ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ МАPДУМИИ САРГАҲИ ЗАPАФШОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Норбадалов С.С..pdf)ТАЪСИPИ КӮЧИ ИҶБOPӢ БА ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ МАPДУМИИ САРГАҲИ ЗАPАФШОНТАЪСИPИ КӮЧИ ИҶБOPӢ БА ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ МАPДУМИИ САРГАҲИ ЗАPАФШОН10

 


МУАЛЛИФ: Норбадалов Сорбон Соатмуродович, сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”,

(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Ин мақола ба таҳлили таъсири кӯчи иҷбории аҳолии саргаҳи Зарафшон ва ба фарҳанги мусиқии мардумӣ бахшида шудааст. Тадқиқот бо истифода аз таҳлили манобеи таърихӣ, асарҳои илмӣ ва далелҳои саҳроии ҷамъовардаи этнографҳо ва мусиқишиносон амалӣ гардидааст. Ҳамчунин, таҷрибаи мусиқишиносони маҳаллӣ ва шарҳи худи аҳолии кӯчонидашуда ба инобат гирифта шудааст. Муаллиф нишон медиҳад, ки кӯчиши иҷборӣ дар нимаи дуюми асри ХХ таъсири ҷиддӣ ба фазои фарҳангии аҳолии саргаҳи Зарафшон расонд. Бисёре аз суннатҳои мусиқии мардумӣ дар натиҷаи кӯчонидан коҳиш ёфта, баъзе жанрҳо аз байн рафтаанд. Бо вуҷуди ин, муҳити нави иҷтимоӣ ва шароити зиндагии нав сабаби шаклгирии сабкҳои нави мусиқӣ гардидааст. Ҳамзамон, мусиқии мардумӣ ба мусиқии касбӣ омезиш ёфта, имконият фароҳам овард, ки баъзе унсурҳои анъанавии мусиқии мардумӣ аз нав эҳё шаванд. Ин мақола барои муҳаққиқони соҳаҳои мусиқишиносӣ, этнография, таърих ва фарҳангшиносӣ манбаи муҳим маҳсуб мешавад. Он дарки равобити байни сиёсат, муҳити иҷтимоӣ ва рушди фарҳанги мусиқиро тавсеа мебахшад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

кӯчиши иҷборӣ, фарҳанги мусиқӣ, Зарафшон, мусиқии мардумӣ, мусиқии касбӣ, сабкҳои маҳаллӣ, этнография