Тозанашр
АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
МУАЛЛИФ: Ходжаев Парвиз Давронович, д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи байнилмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе),Ҳоҷиев Абдурашид Саидович, унвонҷӯи кафедраи иқтисод ва соҳибкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола асосҳои назариявии рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Масъалаҳои таҳлилҳоу баррасишуда метавонад барои таснифоти бисёркритериявӣ асос боша два чунин аломатҳоро метавон пешниҳод кард: доираи татбиқ; мундариҷаи мавзуъ; миқёси навоварӣ; умқи тағйироти воридшуда; марҳилаи давраи ҳаёт; ҷои дархост.Муаллифон вобаста ба доираи татбиқ чунин навовариҳоро ҷудо намуданд: навовариҳои иқтисодӣ, давлатӣ-сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, илмӣ, экологӣ ва фарҳангӣ; аз рӯи мундариҷаи мавзуъ: маҳсулот, технологӣ, ташкилӣ ва идоракунӣ, маркетинг ва иттилоот; аз рӯи миқёси навоварӣ: нав дар миқёси ҷаҳонӣ, нав барои кишвар, нав дар минтақа, нав барои корхона; аз рӯи умқи тағйироти воридшуда: мутобиқшавӣ, модернизатсия, реконструксия, бунёд. Аз рӯи марҳилаи давраи ҳаёт муаллифон ошкор сохтанд: марҳилаи тарҳрезии инноватсия, банақшагирии стратегӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи инноватсия; ниҳоят, аз рӯи ҷои татбиқ: навовариҳое, ки барои татбиқ дар ташкилоти худ таҳия шудаанд ва навовариҳое, ки аз ҷониби ташкилоти сеюм таҳия шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
соҳибкории инноватсионӣ, инноватсия, банақшагирии стратегӣ, тарҳрезӣ, татбиқ, навовариҳои иқтисодӣ, миқёси навоварӣ.