Тозанашр
ИҚТИДОРИ САНОАТӢ ДAР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА
МУАЛЛИФ: Ризозода Тӯра Раббим, д.и.и., профессор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон; Шаропова Насиба Ҳафизовна, н.и.и., омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва менеҷмент Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара(Тоҷикистон, Исфара)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Моҳияти иқтидори саноатии минтақа дaр таъмини рушди иқтисодиёти минтақа баррасӣ карда мешавад. Аҳаммияти мушкилоти баррасишаванда барои иқтисодиёти минтақа асоснок карда шудааст. Ташаккули механизмҳое, ки ба фароҳам овардани шароит барои рушди саноати минтақа мусоидат мекунанд ва ба имкониятҳои бунёдии он мувофиқ аст, исбот карда шудааст. Категорияи «иқтидори саноатӣ» чун яке аз ҷузъҳои асосии иқтидори иқтисодии минтақа баррасӣ гардида, ҷузъҳои сохтории иқтидори саноатӣ ва маҷмуи нишондиҳандаҳое, ки иқтидори саноатии минтақаро тавсиф мекунанд, муайян ва асоснок карда шудаанд. Хулоса бароварда шудааст, ки барои рушди иқтидори саноатии минтақа, ташаккули сиёсати саноатии мутавозин ва ба шароити муосири иқтисодӣ мувофиқ зарур аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
иқтидор, минтақа, иқтидори саноатӣ, самаранокӣ, нишондиҳанда, рушд, сиёсати саноатӣ, захираҳо