Тозанашр
ТАҲИЯИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
МУАЛЛИФ: Нарзиева Дилфуза Сайдалиевна, унвонҷӯи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти МДТ «ДДХ ба номи акадю Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур масоили таҳияи системаи иттилоотии идоракунии ҳайати кормандон дар муассисаи таҳсилоти олӣ матраҳ мегарданд. Самаранокии истифодаи CASE - воситаҳо ва мушаххасоти UML ва технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таҳияи системаҳои иттилоотӣ арзёбӣ мешаванд. Инчунин амсилаҳои математикии раванди идоракунии ҳайати кормандон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо дарназардошти автоматикунонии ҷойҳои кории истифодабарандагони беруна, аз қабили истифодабарандагони фаръӣ, директор, сардори шуъбаи кор бо кормандон, мудири кафедра, кормандон ва истифодабарандагони дохилии системаи иттилооти донишгоҳ, чунончӣ админстратор, системаи иттилоотии идоракуниро фаро гирифта шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
идоракунии ҳайати кормандон, системаи иттилоотӣ, тарҳрезии компютерӣ, автоматикунонии раванди корӣ, CASE – воситаҳо, мушаххасоти UML.