Тозанашр
ШАКЛГИРИИ МУҲОҶИРАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ДАВРАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ЗАМОНИ МУОСИР
МУАЛЛИФ: Олимов Абдураҳмон Олимбойевич, омӯзгори кафераи географияи иқтисодӣ ва демографияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Яке аз шаклҳои ҷойивазкунии одамон дар луғат бо унвони муҳоҷират мавриди истифода қарор гирифтааст. Муҳоҷират сабабҳои обективию субективӣ дорад, ки он асосан дар натиҷаи омилҳои нохуши табиӣ, ба мисли заминларзаҳои сахту харобиовар, лағжидани барфу обхезиҳо, лағжиши кӯҳу теппаҳо, хавфи воқеаҳои геоденамикӣ ва ғайра ба вуқуъ мепайванданд. Инчунин ба он зиддиятҳои дурудароз ва тезутунди этникӣ, ҷангҳои дохилӣ ва байни давлатҳо, ислоҳоти аграрӣ ва ғайра низ сабаб мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҷойивазкунӣ, шаклгирии муҳоҷират, ҷои сукунат, ҷамъиятӣ, қувваи корӣ.