Тозанашр
ХУСУСИЯТҲОИ ДЕМОГРАФИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА РУШДИ ИҚТИСОДӢ
МУАЛЛИФ: Аминов Мӯъминҷон Ҳаётуллоевич, н.и.и., дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров»; Қодирова Нигина Абдумаҷидовна, муаллими калони кафедраи маркетинг-агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масоили хусусиятҳои демографӣ ва нақши он дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавридӣ баррасӣ қарор гирифтааст. Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати таваллуд ҷои намоёнро ишғол менамояд.
Дар замони ҳозира афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ба ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоии давлатҳои алоҳида ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсири зиёд мерасонад. Дар қатори масъалаҳои зиёди глобалӣ аз қабили масъалаҳои ҷанг ва сулҳ тараққиёти иқтисодии мамлакатҳои рӯ 6а инкишоф, масъалаҳои озуқаворӣ ва энергетикӣ, масъалаи бартараф кардани бемориҳои хатарнок ва муҳофизати муҳити зист ҷои асосиро масъалаҳои демографӣ мегирад, зеро аксарияти муаммоҳои дар боло номбар шуда аз муаммоҳои демографӣ ибтидо мегирад. Дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ муаммоҳои нав ба нав ба вуҷуд меояд. Мувофиқи гуфти мутахассисони СММ ҳар сол дар натиҷаи афзоиши табиии умумиҷаҳонӣ 77,8 млн. н. аҳоли меафзояд, ки 60% он танҳо ба 10 давлат рост меояд. Рафти реформаҳои иқтисодӣ дар давлати Тоҷикистон нишон доданд, ки ба ҳисоб нагирифтани омили демографӣ, наандешидани чораҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои демографӣ дар сиёсати иҷтимоӣ, ба дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва инкишофи раванди интегратсионӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳолати бозорҳои меҳнатии давлати Тоҷикистон як қатор тамоюлотҳои манфӣ дорад. Дараҷаи бекорӣ афзудааст, қариб 20% аҳолии қобили меҳнат ҷои кори асосӣ надорад. Ин нишондиҳанда дар давлатҳои Осиёи Миёна боз ҳам баланд аст. Ба табақаҳо ҷудошавии аҳолӣ зиёд шуда, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ афзудааст. Вазъияти демографӣ тезу тунд шуда, сифати аҳолӣ паст шудааст. Омодагӣ ва содироти қувваи кории баландихтисос метавонад Тоҷикистонро дар низоми тақсимоти байналмилалии бозори меҳнат боло бардорад ва дар тули даҳсолаҳои оянда манбаи самарабахши рушди иқтисодии кишвар ва некӯаҳволии шаҳрвандон гардад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
захираи меҳнатӣ, қувваи корӣ, демография, қувваи истеҳсолкаунанда, аҳолӣ, таркиши демографӣ, муаммоҳои демографӣ, таввалуд, фавт, сатҳи бекорӣ, раванди шаҳршавӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, сохторӣ аҳолӣ.