ДОИР БА НОРМАЛӢ ҲАЛШАВАНДАГИИ СИСТЕМАҲОИ ЭЛЛИПТИКИИ ТАРТИБИ ДУ ДАР ФАЗОҲОИ ГЁЛДЕР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Байзаев Саттор, Содиқов.pdf)ДОИР БА НОРМАЛӢ ҲАЛШАВАНДАГИИ СИСТЕМАҲОИ ЭЛЛИПТИКИИ ТАРТИБИ ДУ ДАР ФАЗОҲОИ ГЁЛДЕДОИР БА НОРМАЛӢ ҲАЛШАВАНДАГИИ СИСТЕМАҲОИ ЭЛЛИПТИКИИ ТАРТИБИ ДУ ДАР ФАЗОҲОИ ГЁЛДЕР4

 


МУАЛЛИФ: Байзоев Саттор, д.ф.м.н., проф., кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон; Содиқов Маъруфҷон Обидович, д.ф.Phd, Донишкадаи байналмилали Хуҷанд. (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола системаи муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусии тартиби дуюми намуди зерин дида баромада шудааст:

Ба монанди он, ки барои системаи муодилаҳои Битсадзе масъалаи Дирехле нётерӣ намебошад, барои системаҳои намуди (1) масъала доир ба ҳалҳои дар тамоми ҳамвории комплексӣ маҳдуд низ нётерӣ нашуданаш мумкин аст. Ин далели он аст, ки таҳқиқи системаи намуди (1) дар фазоҳои функсияҳои дар тамоми ҳамвории комплексӣ муайян мубарам мебошад. Системаи (1) дар фазоҳои гёлдерии  функсияҳои дар тамоми ҳамвории комплексӣ муайяну маҳдуд ва бо ҳамроҳии ҳосилаҳои хусусии тартиби як ва ду мунтазам ба таври гёлдерӣ бефосила дида баромада шудааст. Барои оператори  шартҳои зарурӣ ва кифоягии n-нормалӣ будан, яъне нормалӣ ҳалшавандагӣ будан ва ядрои охирченак доштан, ҳосил карда шудааст. Ин шартҳо аз он иборат аст, ки ядрои операторҳои бо ном ҳудудии коэффитсиентҳояшон ҳамчун ҳудуди пайдарпаиҳои функсионалии намуди ,…, (  дошта нулӣ бошад. Дар ҳолати лаппиши коэффитсиентҳои оператори  дар беохирӣ суст будан, шартҳои кифоягии n-нормалӣ будани ин оператор бевосита аз рӯи коэффитисиентҳояш ҳосил карда шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

системаи муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусии тартиби ду, функсияҳои бианалитикӣ, функсияҳои метааналитикӣ, нормалӣ ҳалшавандагӣ, фазои Швартс, фазои Гёлдер.