ДОИР БА ЁФТАНИ ҲАЛЛИ УМУМИИ ЯК СИНФИ СИСТЕМАҲОИ УМУМИКАРДАШУДАИ КОШИ-РИМАН БО КОЭФФИТСИЕНТҲОИ СИНГУЛЯРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Байзаев С., Шокирова М.М..pdf)ДОИР БА ЁФТАНИ ҲАЛЛИ УМУМИИ ЯК СИНФИ СИСТЕМАҲОИ УМУМИКАРДАШУДАИ КОШИ-РИМАН БО КОДОИР БА ЁФТАНИ ҲАЛЛИ УМУМИИ ЯК СИНФИ СИСТЕМАҲОИ УМУМИКАРДАШУДАИ КОШИ-РИМАН БО КОЭФФИТСИЕНТҲОИ СИНГУЛЯРӢ11

 


МУАЛЛИФ: Байзоев Саттор, д.ф.м.н., проф., кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир; Шокирова Мухбира Мухторхоновна, сармуаллими кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқи як синфи системаҳои дученакаи умумикардашудаи Коши-Риман, ки коэффитсиенти назди вектор-функсияи ҳамроҳшудаи номаълуми сингулярии намуди  дар ин ҷо  ададҳои ҳақиқӣ,  ва  бутун,  матритсаи комплексии секунҷавии тартиби ду мебошад, бахшида шудааст. Ба координатаҳои қутбӣ гузашта ҳалҳои система дар намуди қатори тригонометрӣ аз рӯи  бо коэффитсиентҳои номаълуми  аз  вобаста ҷустуҷӯ карда мешавад. Барои компонентаҳои муодилаҳои навъи Бессел ҳосил мешаванд, ки дар онҳо коэффитсиенти назди функсияи номаълум чунин намуд дорад:  барои  барои  барои муодилаи якҷинсаи хаттӣ ва барои  муодилаи ғайриякҷинса ҳосил мешавад. Вобаста аз қимати нишондиҳандаҳои  ва элементҳои матритсаи  ҳалҳои умумии муодилаҳои мазкур ёфта шуда, сипас ҳалли умумии система ёфта мешавад. Аз ҳалли умумии ёфташудаи система ҳалҳои регулярӣ, яъне ҳалҳои дар қисми охирноки ҳамворӣ махсусият надошта ва инчунин ҳалли масъалаҳои канориро ҷудо карда гирифта метавонем. Методи дар мақола корбастшударо барои ёфтани ҳалли умумии системаи матритсаи коэффитисиентҳояш дилхоҳ истифода бурдан мумкин аст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

системаҳои дученакаи умумикардашудаи Коши-Риман, коэффитсиентҳои сингулярӣ, ҳалли умумӣ, ҳалли регулярӣ.