ТАЪЛИМИ ШАХСИЯТНИГАРОНИДАШУДАИ ЗАБОНИ РУСӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ХОРИҶӢ БО ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бабаджанова Дилрабо Шамсиевна,.pdf)ТАЪЛИМИ ШАХСИЯТНИГАРОНИДАШУДАИ ЗАБОНИ РУСӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ХОРИҶӢ БО ИСТИФОДАИ ТЕХТАЪЛИМИ ШАХСИЯТНИГАРОНИДАШУДАИ ЗАБОНИ РУСӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ХОРИҶӢ БО ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ1

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Дилрабо Шамсиевна, н.и.п., дотсенти кафедраи забони муосири русӣ ва забоншиносии умумии факултети филологияи русии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров». (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола муносибат ба омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар асоси методикаи шахсиятнигаронидашуда бо истифодаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ мешавад. Омӯзиши шахсиятнигаронидашуда дар марказ на забон, балки шахсро, хусусиятҳои инфиродӣ ва ниёзҳои ӯро мегузорад. Бо чунин муносибат, омӯзгор ҳар як донишҷӯро арзёбӣ намуда, нерӯҳои қавӣ ва заифи ӯро, инчунин сатҳи омодагии ӯро ба омӯзиш муайян мекунад. Баъд аз таҳлили ин маълумот, усулҳои беҳтарини омӯзиш интихоб карда мешаванд. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки барои ҳар як донишҷӯ фазои инфиродии омӯзишӣ офарида шавад, ки дар он ӯ метавонад бо суръати худ ва истифода аз маҷмуи инфиродии маводи интерактивӣ омӯзиш кунад. Ғайр аз ин, технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки стандартҳои академӣ ба формати омӯзиши инфиродӣ мутобиқ карда шаванд, ки ин на танҳо дастовардҳои академиро беҳтар мекунад, балки мотивасияи омӯзишро низ баланд мебардорад ва ба фаҳмиши самараноки мавод мусоидат мекунад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

омӯзиши шахсиятнигаронидашуда, инфиродисозии таълим, забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ, захираҳои таълимии рақамӣ, равиши инфиродӣ, омӯзиш бо назардошти хусусиятҳои инфиродӣ