УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ИНТЕГРАЛИ МУАЙЯН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мухсинов Едгор Мирзоевич, д.и.физ.-мат.,.pdf)УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ИНТЕГРАЛИ МУАЙЯНУСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ИНТЕГРАЛИ МУАЙЯН1

 


МУАЛЛИФ: Мухсинов Едгор Мирзоевич, д.и.физ.-мат., дотсенти кафедраи фанҳои риёзи- табиатшиносии муосири ДДҲБСТ; Мухсинова Сабоат Маруфбоевна, н.и. физ.-мат., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва амалии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров»(Тоҷикистон, Худжанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Мақолаи мазкур ба усулҳои таълими интеграли муайян бахшида шудааст. Дар китобҳои дарсӣ аз математика мафҳуми интеграли муайян ҳамчун ҳудуди суммаҳои интегралӣ дохил карда мешавад. Ин усули дохилкунии интеграли муайян аз ҷиҳати илмӣ дуруст буда, бештар ба донишҷӯёни ихтисосҳои тахассусӣ мувофиқ меояд. Вале ин усули дохилкунӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайритахассусӣ ва хонандагони мактабҳои миёна аз нуқтаи назари қабул ва дарки мавзуъ хеле душвор мебошад. Бинобар ҳамин, мо пешниҳод менамоем, ки барои ихтисосҳои ғайри тахассусии донишгоҳҳои олӣ ва мактабҳои миёна интеграли муайян ҳамчун афзоиши функсияи ибтидоӣ муайян карда шавад. Дар мақола ду теорема ва даҳ хосиятҳои интеграли муайян исбот карда шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

интеграли муайян, хосиятҳои интеграли муайян, афзоиши функсияи ибтидоӣ, ихтисосҳои ғайри тахассусӣ.