ЗУДҲАРАКАТИИ МАҶОЗИИ ОМӮЗГОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллоева Шаҳноза Абдуҷаборовна, н.и.и.pdf)ЗУДҲАРАКАТИИ МАҶОЗИИ ОМӮЗГОРЗУДҲАРАКАТИИ МАҶОЗИИ ОМӮЗГОР0

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоева Шаҳноза Абдуҷаборовна, н.и.и., сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Мақола ба яке аз масъалаҳои муҳимми таҳсилоти муосир бахшида шудааст. Дар раванди ислоҳоти соҳаи илму маориф ва таҷдиди босуръати он серғайративу тезҳаракатии омӯзгор дар шакли маҷозӣ низ нақши бориз дорад. Муаллифи мақола кӯшиш кардааст, ки шарҳи мушаххаси мафҳуми «тезҳаракатӣ, ғайратнокии маҷозии омӯзгор»-ро бо такя ба манбаъҳои илмиву тахассусӣ тавзеҳ диҳад. Зимни баррасии мавзуъ муҳаққиқ салоҳияти мутахассисонро дар ташкил ва таҳияи сарчашмаҳои таълимии электронӣ махсус таъкид мекунад. Аз ин лиҳоз, бояд тавассути зудҳаракатии маҷозӣ сермаҳсулӣ (сердаромад)-и фаъолияти касбӣ, афзоиши назарраси ҳосилнокии меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба амал ояд. Тағйироти технологие, ки имрӯзҳо ба вуқуъ мепайвандад, ба дигаргунии амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда мерасонад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

зудҳаракатии маҷозӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф, фаъолияти касбӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, иттилооти электронӣ, технологияи электронӣ-рақамӣ, манбаъҳои таълимии электронӣ.