Тозанашр
ХУСУСИЯТҲОИ САТҲИ ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ИНТИҚОДИИ ХОНАНДАГОН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Раҳмонов Зикриё Пулодович, н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ; Ҷўраева Мунзифахон Усмоновна, муаллими калони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола доир ба хусусиятҳои ташаккули тафаккури интиқодӣ, нақши он дар раванди дарсҳо ва малакаҳои рушди он дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ сухан меравад. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки раванди донишазхудкунии хонандагонро бо истифода аз технологияҳои муосири таълим - тафаккури интиқодӣ ва рушди салоҳиятҳо, мавқеи он дар инкишофи тафаккур ва эҷодкорӣ тадқиқ намуда, роҳҳои муосири онро нишон дода бошанд. Ҳадафи асосии ин таҳқиқ малакаҳо ва тафаккури интиқодии хонандагонро то ҳадди имкон пурзӯр намуда, хонандагонро дар дарс фаъол намудан ва бо дарназардошти шавқу завқ, қобилияти онҳо дар асоси таҳлил, муқоиса, хулосабарорӣ, мулоҳизакорӣ, мушоҳидакорӣ сифати маълумотро баланд бардоштан аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ, муаммогузорӣ, қобилият, сифат, мушоҳидакорӣ, интихоби дуруст, фаъолияти эҷодӣ