Тозанашр
МУАММОҲОИ ОМОДАГИИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНИ ХОРИҶИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО
МУАЛЛИФ: Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна, д.п.н., профессор; Файзиева Маърифат Нарзуллоевна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар марҳалаи кунунии рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва аз ин рӯ, дар баробари дигар воситаҳои мусоид ба ин раванд, забони хориҷӣ яке аз воситаҳои муассир ба шумор меравад.Макотиби олие, ки барои муассисаҳои таълимӣ омӯзгоронро тайёр мекунанд, вазифадор карда мешаванд, ки мутахассисонеро омода созанд, ки барои самаранок кор кардан бо таълимгирандагони синну соли гуногун ва мусоидат намудан ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо бояд дорои сифатҳо ва малакаҳои мувофиқ бошанд. Аммо таҳлили сатҳи тайёрии касбии омўзгорони забони англисии кўдакистонҳо нишон дод, ки ҳарчанд дар байни омўзгорон мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ, ки аз равишҳо ва технологияҳои муосир фаъолона истифода мебаранд, бошанд ҳам, вале дар фаъолияти аксари онҳо баъзе камбудиҳо мушоҳида мешаванд, ки ҳангоми тайёр кардани омўзгорони ояндаи забони хориҷӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд ба назар гирифта шаванд. Дар мақолаи мазкур муаллифон масъалаи зарурати инъикоси мушкилоти омода намудани омӯзгорони ояндаи забони хориҷиро барои кор дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба миён гузоштаанд. Дар он мушкилоти фаъолияти омӯзгорони забони хориҷӣ дар муассисаҳои томактабӣ муайян гардида, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
омӯзгори забони хориҷӣ, забони англисӣ, тайёрии касбӣ, донишгоҳ, мушкилот, бартарафсозӣ, хусусиятҳои синну сол, хусусиятҳои психофизиологӣ, таълимгирандагон.