ИСТАРАВШАН ДАР ПАЖУҲИШҲОИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР НАЗИРҶОН ТУРСУНОВ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарипов Парвиз Шавкатович.pdf)ИСТАРАВШАН ДАР ПАЖУҲИШҲОИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР НАЗИРҶОН ТУРСУНОВИСТАРАВШАН ДАР ПАЖУҲИШҲОИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР НАЗИРҶОН ТУРСУНОВ1

 


МУАЛЛИФ: Шарипов Парвиз Шавкатович, унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Таърих ва тамаддуни Истаравшани бостонӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқони гуногунро ба худ ҷалб намуда, фарҳангу мероси пурғановати мардуми ин сарзамин дар тадқиқотҳои муаррихон, бостоншиносон, мардумшиносон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст. Инъикоси таърих ва фарҳанги Истаравшан дар илми таърихнигорӣ яке аз масъалаҳои камтаҳқиқшуда ба ҳисоб рафта, аз ин лиҳоз таҳлил ва арзёбии илмии осори муҳаққиқони гуногун яке аз вазифаҳои муҳимми илми таърихнигории тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ҷодаи истаравшаншиносӣ саҳму хизмати мардумшинос, фарҳангшинос, муаррихи маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Турсунов хеле назаррас аст. Профессор Н.Турсунов оид ба таъриху фарҳанги Истаравшан, ташаккул ва рушди шаҳру деҳот, маҳалҳо ва гузарҳои он, касбу ҳунар, анъана, суннатҳои мардумӣ, маданияти моддӣ ва маънавии сокинони Истаравшан як қатор рисолаҳои пурарзиши бунёдӣ ва мақолаҳои сершумори илмӣ таълиф намудааст. Таҳлилу омӯзиши пажуҳишҳои илмии профессор Н.Турсунов дар ин самт барои арзёбии дастовардҳои илми таърихнигории ватанӣ дар марҳилаҳои муайяни рушди он ва мушаххас намудани вазифаҳо, дурнамои тадқиқотҳои минбаъда дар ҷодаи истаравшаншиносӣ кумак ва мусоидат хоҳад намуд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 фарҳанг, тамаддун, анъана, таърихнигорӣ, Истаравшан, пажуҳиш, сарчашмаҳо, номвожа.