Тозанашр
ДОЛОНИ ҚАРОТЕГИНИИ ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ
МУАЛЛИФ: Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич, д.и.т., профессори кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ; Икромов Назирхон Ашурбаевич, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола яке аз хатсайрҳои Роҳи Абрешим, ки аз водиҳои Ҳисор ва Қаротегини Тоҷикистон мегузашт, баррасӣ мешавад. Ин роҳи хеле қадим аст, ки Онро «Долони Қаротегин» меноманд. Олимон тахмин мемелонанд, ки Чжан Цян ба воситаи њамин роҳ аз Осиёи Марказӣ ба Чин баргашт. Ин маънои онро дорад, ки роҳи Қаротегин дар асри 2 то милод вуҷуд дошт. Қисми Роҳи Тоҷикистон дар байни Сурхондарё (Ҷумҳурии Ўзбекистон) ва водии Олой (Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷойгир буд.Муаллифон ёдгориҳои зиёди археологиро дар водии Ҳисор ва Ќаратегин баррасӣ мекунанд. Инҳо марказҳои муҳимми тиҷоратӣ ва нақлиётӣ буданд, ки тавассути онҳо корвонҳо мегузаштанд, инро натиҷаҳои ёдгориҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд. Маводҳои гирифташуда нишон медиҳанд, ки гузаргоҳи Қаротегин як қисми муҳимми Роҳи Абрешим буд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
роҳи Абрешим, Қаротегин, хатсайр, Чжан Цян, қитъаи Тоҷикистон, ёдгориҳои бостоншиносӣ