Тозанашр
УНСУРҲОИ БУТПАРАСТӢ ДАР МАЗҲАБИ МОНАВИЯ
МУАЛЛИФ: Аюбов Абдусалом Рауфович, д.и.т., профессор, мудири кафедраи таърихи умумӣ; Бобоҷонова Мафтунахон Комилҷоновна, магистранти курси 2-юми факултети таърих ва њуќуќи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақола ба мавҷудияти унсурҳои бутпарастӣ дар мазҳаби монавиён бахшида шудааст. Монавия динест, ки дар асри III мелодӣ дар давраи салтанати хонадони сосонӣ, дар заминаи ислоҳи зардуштия ба майдон омад. Асосгузори ин дин Монӣ буд. Мазҳаби монавия аз Бобул то Самарқанд, аз Африқо то Туркистони Чин ва аз Ҳинду Тибет то Аврупо паҳн гардида буд ва таъсири зиёде ба динҳои насронӣ ва ислом гузоштааст. Он дар баробари меҳрпарастӣ аз динҳои ҷаҳонии гузашта мебошад. Унсурҳои бутпарастӣ ба монавия аз динҳои зардуштия, насронӣ, буддоия гузаштаанд. Рӯзона монавиён ба офтоб ва шабона ба моҳ саҷда мекарданд. Саҷда ба офтоб аз оини меҳрпарастӣ (митраизм) омадаст. Ибодати онҳо дар шакли бути дудаста буд, ки аломати фариштаи ҷондори осмониро ифода мекард. Тавре аз манбаъҳои хаттӣ бармеояд, суғдиён дар ибтидо бутпараст буданд. Эҳтимол меравад, ки як қисми унсурҳои бутпарастӣ ба пайравони монавия аз суғдиён гузаштааст. Аз дини насронӣ ба монавия салиб гузаштааст, ки онро дар бисёр ҷойҳо дидан мумкин буд. Салибҳо дар тангаҳо дучор мешаванд. Аз таълимоти насронӣ ҳамчунин кашидани расм дар матоъ, девор ва китобҳо омадааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
монавия, зардуштия, ислом, буддоия, насронӣ, бутҳо, бутпарастӣ