Тозанашр
СИСТЕМАИ ҶАМЪОВАРӢ, ИНТИҚОЛ ВА НИГОҲДОРИИ НАФТ ДАР КОНҲОИ НАФТИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ
МУАЛЛИФ: Азизов Рустам Очилдиевич, д.и.т., проф., академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Розиқов Зафар Абдуқахорович, д.и.т. проф., академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон; Почоев Анушервон Абдукосимович, муаллими калони кафедраи геология ва корҳои натфу гази, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Бӯстон)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар кори мазкур самтҳои асосии системаҳои ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории нафт дида шудааст; маводи натиҷаҳои таҳлили технологияи ҷамъоварӣ ва интиқоли нафт дар конҳои Тоҷикистони Шимолӣ оварда шудааст. Инфрасохтори мављуда, аз ҷумла дастгоҳҳои истихроҷи нафт, системаҳои хатҳои қубурӣ ва парки зарфӣ, ки барои идоракунии самаранок ва бехатари истихроҷи нафт истифодашаванда таҳлил карда мешавад. Ба таҳқиқ ва тавсифи технологияҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатарии амалиетҳои марбут ба истихроҷ ва интиқоли нафт вобаста шудаанд, диққати махсус дода мешавад. Дар мақола натиҷаҳои арзёбии вазъи ҷории инфрасохтори системаҳои ҷамъоварӣ баррасї шуда, тавсияҳо оид ба навсозии он пешниҳод карда мешаванд, ки татбиқи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ, такмил додани системаҳои мониторинг ва назорат, инчунин истифодаи мавод ва таҷҳизоти инноватсиониро дар бар мегиранд. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии корҳо оид ба ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории нафт пешниҳод дода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҷамъоварии нафт, интиқоли нафт, нигоҳдории нафт, хатҳои қубурӣ, стансияҳои насосӣ, конҳои нафт, зарфҳо.