ОИД БА МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ КОРПУСИ НУТҚИ ТОҶИКӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мақсудов А.Т., Худойбердиев Х.А., Ашӯрова Ш.Н..pdf)ОИД БА МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ КОРПУСИ НУТҚИ ТОҶИКӢОИД БА МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ КОРПУСИ НУТҚИ ТОҶИКӢ3

 


МУАЛЛИФ: Мақсудов Анвар Темурович, н.и.физ-мат., дотсент, директори Маркази илмии Хуҷандии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон; Худойбердиев Хуршед Атохонович, н.и.физ.- мат., дотсенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, ДПДТТХ; Ашурова Шабнам Нуруллаевна, омӯзгори калони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, ДПДТТХ (Тоҷикистон, Хуҷанд)  

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҳалли масъалаи ташкили корпуси нутқ ва аҳамияти он дар раванди коркарди низомҳои шинохт ва синтези нутқ бо забони тоҷикӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Инчунин, усулҳо ва ташкили корпуси нутқ барои забони тоҷикӣ шарҳ дода шудааст. Дар қисми аввали мақола оид ба корпусҳои нутқ дар мисоли забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ сухан меравад, дар қисми дуюм бошад сохтори мантиқии корпуси нутқ барои забони тоҷикӣ пешниҳод карда шудааст, қисми сеюм оид ба амсилаи математикии корпуси нутқ бахшида шудааст ва дар қисми ҷамъбастӣ воситаҳои компютерӣ барои коркарди корпуси нутқ пешниҳод карда шудаанд. Натиҷаҳои баррасишуда дар доираи иҷрои лоиҳаи буҷавии «Коркарди корпуси овози забони тоҷикӣ барои ҳалли масъалаҳои лингвистикаи компютерӣ» таҳти рақами № 0123TJ1547 тасдиқ шуда, ҳамчун як қисми тадқиқоти давомдор ба даст оварда шудаанд.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ, амсилаи математикӣ, тарҳрезии компютерӣ, балоиҳагирии сохтори мантиқӣ, корпуси нутқ, технологияи коркарди нутқ.