Тозанашр
АЗ ТАЪРИХИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАКОТИБИ ОЛИИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР СОЛҲОИ 90-УМИ АСРИ ХХ
МУАЛЛИФ: Азизов Назирҷон Эргашевич, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА:русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола ҳамкориҳои байналмилалии мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд дар солҳои 90-уми асри ХХ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи маводи муътамад густариши робитаҳои байналмилалии мактабҳои олиро дар заминаи фаъолияти бевоситаи профессорону омўзгорон, сохторҳои донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла фаъолияти бахши робитаҳои байналмилалии онҳо таҳлил намудааст. Қайд карда мешавад,ки яке аз самтҳои муҳимми робитаҳои байналмилалии мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ҷодаи илм ба шумор меравад. Ҳайати профессорону омӯзгорон дар конференсияву ҳамоишҳои илмии байналхалқӣ бо маърузаҳо ширкат варзиданд, бархе аз олимон таҷрибаҳосилкунии илмиву таълимиро дар мамлакатҳои хориҷӣ гузарониданд, таваҷҷуҳи мактабҳои олӣ ба масъалаи ширкат дар Барномаҳои байналхалқӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо афзоиш ёфт, робитаҳои байналхалқӣ дар самти ба таҳсил фаро гирифтани донишҷўёни хориҷӣ низ ба роҳ монда мешуд, баҳри бастани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимиву илмии хориҷӣ тадбирҳо андешида шуданд ва ғ.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Мактабҳои олӣ, Хуҷанд, профессорону омўзгорон, робитаҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳо, такмили ихтисос