МУҲОҶИРАТИ АҲОЛӢ БА ДАШТИ ДИЛВАРЗИН ДАР НИМАИ ДУЮМ СОЛҲОИ 50-УМИ АСРИ XX

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Одинаев А.Н., Козизода Ш.К..pdf)Одинаев А.Н., Козизода Ш.К.МУҲОҶИРАТИ АҲОЛӢ БА ДАШТИ ДИЛВАРЗИН ДАР НИМАИ ДУЮМ СОЛҲОИ 50-УМИ АСРИ XX4

 


МУАЛЛИФ: Одинаев Абдумавлон Назирович, ходими хурди илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Қозизода Шӯҳратҷон Қозӣ, докторанти (PhD) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ба дашти Дилварзин кӯчондани аҳолӣ дар нимаи дуюми солҳои 1950-ум ва воқеаҳои ба он вобаста азхудкунии заминҳои нав ва сохтмони НБО-и Қайроққум таҳлил карда мешавад. Дар ин давра Ҳокимияти Шӯравӣ нақшаи азими коллективонидани мамлакат ва саноатикунонии мамлакатро ба амал мебарорад, ки он ба ноҳияҳои беодам кӯчондани аҳолии деҳа барои васеъ кардани заминҳои хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад.Миқёс ва оқибатҳои ин раванд дар дашти Дилварзин дар мақола инъикос ёфта, ба азхудкунии заминҳои нав ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум диққати калон дода шудааст. Диққати махсус ба нақши НБО-и Қайроққум дар ободонии минтақа, бо қувваи барқ ва об таъмин намудани аҳолии деҳот дода шудааст.Дар мақола таъсири муҳоҷиркунонӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа таҳлил шуда, паҳлӯҳои мусбат ва манфии ин раванд муайян карда шудааст. Ҳамин тавр, давраи муҳоҷиркунонӣ ба дашти Дилварзин дар нимаи дуюми солҳои 50-ум мухтасар шарҳ ёфта, аҳамияти азхудкунии заминҳои нав ва бунёди инфрасохтор барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии минтақа таъкид шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

муҳоҷиркунонӣ, дашти Дилварзин, коллективкунонӣ, Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, азхудкунии замин, фаъолияти кишоварзӣ, тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ.