АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВИИ РАВИШИ АКСИОЛОГӢ БАРОИ ОМӮЗИШИ ОБРАЗҲОИ «ИСКАНДАРНОМА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Файзуллоева З.Б..pdf)Файзуллоева З.Б.АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВИИ РАВИШИ АКСИОЛОГӢ БАРОИ ОМӮЗИШИ ОБРАЗҲОИ «ИСКАНДАРНОМА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ14

 


МУАЛЛИФ: Файзуллоева Зебунисо Буҳодировна, доктори фалсафа (PhD) аз рӯи илмҳои педагогика, и.в. дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ (Ӯзбекистон, Тошканд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба арзишҳои тарбиявию суннатии халқҳои Шарқ дар асоси таҳлили осори Низомии Ганҷавӣ «Искандарнома» бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки қаҳрамони асар шахси инсондӯсту адолатпеша буда, таҳаммулпазир аст ва ҳамеша  бо хирадмандон машварат карда, оқилона қарор қабул мекунад. Нишон дода мешавад, ки Искандар сарпарасти илму фарҳанг, савдо ва мардуми оддӣ аст, ки ин ҷанбаи ахлоқии асарро пурқувват менамояд. Искандар ситорашиносиро ҳамчун санъати қадимии зардуштиён афзалтар медонад, ки риёзиёт, геометрия, тригинометрияро бо ақл ба ҳам мепайвандад, роҳи донишро мекушояд. «Искандарнома»-и Низомӣ дар баробари асари бадеӣ будан, эътиқод, таърих, арзишҳои  анъанавӣ ва фарҳанги мардуми шарқро инъикос мекунад, ки дар маҷмӯъ ҷанбаи бузурги ахлоқиву тарбиятӣ доранд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

арзишҳои анъанавӣ, дини зардуштӣ, таҳаммулпазирӣ, хирад, мероси маънавӣ, сифатҳои ахлоқӣ, насли баланди соҳибақл