Тозанашр
САБАБҲО ВА ШАРОИТИ ПАЙДОИШИ РАФТОРҲОИ ИНҲИРОФӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
МУАЛЛИФ: Шохолиқзода Шаҳбози Шорозиқ, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мавриди назар перомуни мафҳуми “инҳироф” ҳамчун истилоҳи илмӣ, сабабҳои пайдоиши рафторҳои инҳирофии насли наврас, масъалаи ошкор сохтани ангезаҳои рафтори инҳирофӣ ва роҳҳои пешгирии он аз нуқтаи назари олимони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин омилҳо, сабабҳо ва шароитҳое, ки боиси пайдоиши рафтори инҳирофӣ мебошанд, муайян ва тасниф карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
инҳироф, рафтори ғайримеъёрӣ, рафтори девиантӣ, шахси мунҳариф, ангезаҳои экстремистӣ, пешгирии инҳироф, манбаъҳои зуҳури рафтори девиантӣ