Тозанашр
ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ ХОРАЗМШОҲИЁН АЗ АНУШТЕГИН ТО АЛОУДДИН ТЕКЕШ
МУАЛЛИФ: Давлатов Муллошо, д.и.т., профессори кафедраи таърихи халќи тољики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола дар асоси сарчашма ва адабиёти илмии мавҷуда ба вуҷуд омада, таърихи сиёсати идории Салҷуқиён ва Хоразмшоњиёнро инъикос намудааст. Қайд мешавад, ки Султон Маликшоҳи салҷуқӣ ба истеъдоднокии ғуломбачаи оғузӣ, Ануштегин эътимод пайдо карда, ӯро дар охири асри XI дар сарзамини тобеъи худ, Хоразм қоиммақом таъин кардааст, ки дар замина давлате бо номи Хоразмшоҳиён асос ёфтааст. Дар ин раванд панҷ нафари он сулола: Ануштегин, Қутбиддин, Отсиз, Эл-арслон ва Текиш дар замону вазъиятҳои гуногун сарварӣ кардаанд. Дар мақола маҳорат, ҷасорат, хиёнат, тариқаи ба сари қудрат омадан, ва амалиёти ҳарбию дипломатии њар яке аз онҳо инъикос ёфтааст. Ниҳоят дар чаҳоряки аввали қарни ХIII, ин сулола аз дасти муғулони истилогар барҳам хӯрдааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Хоразмшоҳиён, Ануштегиён, таърихи сиёсӣ, сулола, Алоуддин Текиш, султон Санҷар, рақобати ҳарбию сиёсӣ