Тозанашр
ОЛАТҲОИ МОЛИЯВӢ-АНДОЗӢ ДАРНИЗОМИ ТАДБИРҲО ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
МУАЛЛИФ: Орипова Назокатхон Мӯминовна, омӯзгори кафедраи молия ва қарзи ДИСДДТТ дар шаҳри Хуҷанд (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ
ЧАКИДА
Олатҳои молиявӣ-андозии амалигардонии сиёсати иқтисодии рушди минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки дар шароити муосири рушди иқтисодиёти бозорӣ дар сатҳҳои умумидавлатӣ ва минтақавӣ барои танзими равоиди амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ олатҳои молиявию андозӣ истифода мешаванд. Нуқтаи назарҳои мухталиф дар бобати зарурати татбиқи методҳои молиявӣ-андозии танзими рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва минтақаҳои он ба риштаи таҳлил кашида шудаанд зикр шудааст, ки ҳангоми танзими рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ давлат ба тамоюли истеъмол қисман бо роҳи низоми дахлдори андоз ва қисман нисбати меъёри фоиз таъсири ҳидояткунанда мерасонад. Вазафаҳои асосии низоми минтақавии молиявӣ-андозӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои ба ҳам алоқаманд ташкил карда мешавад номбар шудааст. Зикр гардидааст, ки дар марҳилаи муосири ташаккули низоми бозорӣ вобаста аз вазъи иқтисодиёт ва халли вазифаҳои гузошташуда сиёсати буҷетӣ-андозии ҳавасмандгардонанда истифода мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сиёсати иқтисодии рушди минтақавӣ, олатҳои молиявӣ-андозӣ, нисбати меъёрии фоиз, низоми минтақавии молиявӣ-андозӣ, сиёсати буҷетӣ-андозии ҳавасмандгардонанда