дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

ОИД БА ТАҲҚИҚИ ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ШАБАКАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (27-Эшбоев Джонибек Абдумаликович.pdf)27-Эшбоев Джонибек АбдумаликовичОИД БА ТАҲҚИҚИ ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ШАБАКАВӢ14

 


МУАЛЛИФ: Эшбоев Ҷонибек Абдумаликович - муаллими кафедраи барномарезӣ, факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд), 

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур ҷараёни амсиласозии эконометрикии рушди иқтисодиёти шабакавӣ ва хусусиятҳои иқтисодиёти шабакавӣ таҳлил гузаронида шудаст. Дар иқтисодиёти шабакавӣ қисми зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо фаъолияти коркард, истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли дониш алоқаманд буда таъмин карда мешавад, ки аз рӯи принсип захираи навӣ дар муайянкунии рушди иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Баҳодиҳии мумайизӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми ғуншудаи донишҳои инсоният дар шароити имрӯза қариб аз чор се ҳиссаи бойигариҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад, вале худи дониш бошад дар як вақт ҳамчун воситаи истеҳсолот ва ҳамчун натиҷаи асосии фаъолияти субъектҳои зиёди иқтисодии ҷамъияти ахборӣ ба шумор меравад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

рушди иқтисодиёти шабакавӣ, сармояи зеҳнии шабака, меҳнат, захираҳо, пул, сармояи истеҳсолӣ, иттилоот