ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛИ СОХТОРИ БОЗОРИ МОЛИЯ ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ИҚТИСОДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (29-Иномова Дилнозахон Илҳомовна.pdf)29-Иномова Дилнозахон ИлҳомовнаҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛИ СОХТОРИ БОЗОРИ МОЛИЯ ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ИҚТИСОДӢ61

 


МУАЛЛИФ: 
Иномова Дилнозахон Илҳомовна - унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, кафедраи молия ва қарз, e -mail:inomovadilnoza@mail.ru

 

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: точики

ЧАКИДА

Дар ташаккули рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, нақши махсусро, қобилияти бозор барои сафарбар кардани миқдори зиёди сармояи озод ва фаъолият бо онҳо мебозад. Аз ин лиҳоз, дар мақола муаллиф як қатор масъалаҳоро, аз қабили: моҳият, объект ва субъекти бозори молиявӣ, сохтори бозори молия, унсурҳои бозори молия, нақши бозори хизматрасониҳои молиявӣ дар рушди бозори молиявӣ ва ғайраҳо, тадқиқ намудааст. Муаллиф асоснок менамояд, ки бозори хизматрасониҳои молиявӣ яке аз унсурҳои муҳими сохтории бозори молияро ташкил дода, пешниҳоди сифатноки хизматрасониҳо ба воситаи он имконияти рушди бозори молияи кишварро таъмин менамояд. Вобаста ба ин, муаллиф дар мақола сохтори бозори молияро аз нуқтаи назари институтсионалӣ баррасӣ намуда, ҷанбаҳои асосии назариявии ташаккули бозори хизматрасониҳои молиявиро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сохтори бозори молия муайян намудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

бозори молиявӣ, бозори хизматрасониҳои молиявӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, сармоягузориҳо, хизматрасониҳои суғуртавӣ, воситаҳои молиявӣ