ҶАНБАҲОИ ЭКОЛОГИИ ТАШАККУЛИ «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ» ДАР МИНТАҚА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (23-Нурбоев Набиджон Муминович..pdf)Нурбоев Набиджон Муминович.ҶАНБАҲОИ ЭКОЛОГИИ ТАШАККУЛИ «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ» ДАР МИНТАҚА42

 

МУАЛЛИФ: Нурбоев Набиҷон Муминович - муаллими калони кафедраи маркетинг-агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола зарурати ташаккули иқтисодиёти сабз дар сатҳи иқтисодиёти минтақа баррасӣ шудааст. Ба андешаи муаллиф, тамоюли пуршиддати иқтисодиёти муосирро яке аз шартҳои асосии нигоҳ доштани вазъи муътадили муҳити зист татбиқи иқтисодиёти сабз барои наслҳои минбаъда ташкил медиҳад. Стратегияи рушди иқтисодиёти сабз дар кишварҳои ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Рушди сабз - стратегияи муҳими системаҳои иқтисодӣ буда, дар он захираҳои сармоягузорӣ, экологӣ ва хизматрасонӣ қувваи пешбарандаи рушди иқтисодӣ мегарданд. Муваффақияти стратегия на танҳо ба иродаи сиёсӣ, балки ба маблағгузории мутамарказ ва ба нақша гирифтани барномаҳои экологӣ вобаста мебошад. Тибқи ақидаи муаллиф, зарурати татбиқи консепсияи иқтисодиёти сабз бештар дар истеҳсолоти кишоварзӣ инъикос меёбанд.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

иқтисодиёти сабз, рушди устувор, минтақа, экологикунонӣ, истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза.