ИДОРАКУНӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (22-Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич..pdf)Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич.ИДОРАКУНӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА 48

 

МУАЛЛИФ: Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич -докторанти РhD кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола дар мавзўи хусусияти идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии иқтидори меҳнатӣ дар минтақаҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти иқтисодӣ баҳри он амалӣ мешавад, баҳс мекунад. Қайд карда мешавад, ки идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии иқтидори меҳнатӣ яке аз фаъолиятҳои мақсаднок, ки тағйироти сохторию иқтисодии дар ҷараёни ислоҳоти бозор рухдода шуда ба хусусияти ташаккули низоми ҳавасмандгардонии меҳнат таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар асоси омори солонаи вилояти Суғд (2020) кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки динамикаи ҳаҷми ҳавасмандгардонии иқтидори меҳнатӣ аз рӯи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сари соли 2020 (бо фоиз аз кормандони як моҳи пурра кор карда) муайян карда шавад. Дар натиҷаи таҳлил муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки механизми идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии иқтидори меҳнатӣ - маҷмӯи шаклҳо, воситаҳо, унсурҳое, ки тавассути онҳо нархҳо, қарз, талабот, муомилоти пулӣ истифода мешаванд, дар асоси ин назария пешниҳод карда шавад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

идоракунӣ, иқтидори меҳнатӣ, нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, механизми ҳавасмандгардонии меҳнат, тақсимоти шумораи кормандон, музди миёнаи меҳнат