АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ-МЕТОДИИ ТАҲҚИҚИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (21-Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич..pdf)Негматов Шукруллохон ЛутфуллоевичАСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ-МЕТОДИИ ТАҲҚИҚИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТӢ49

 

МУАЛЛИФ: Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич -докторанти РhD кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба масъалаи асосҳои назариявӣ-методии таҳқиқи иқтидори меҳнатӣ сухан рафтааст. Қайд карда мешавад, ки назарияи иқтидори меҳнатӣ то ҳанӯз ниҳоят ташаккул наёфта, дар байни муҳаққиқон ягонагии комили ақидаҳо роҷеъ ба асосҳои консептуалии он мавҷуд набуда, мавқеи иқтидори меҳнатӣ дар силсилаи категориявии мафҳумҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда нашудааст. Муаллиф дар тадқиқоташ маълум менамояд, ки ташаккул ва истифодаи иқтидори меҳнатӣ ҳамчун субъекти муносибатҳои иқтисодӣ, меъёрҳо ва институтҳои ҷузъи бозори меҳнат мебошад. Ҳамчунин, дар макола муносибати байни мафҳумҳоииқтидори меҳнатӣ”, “қувваи корӣвазахираҳои меҳнатӣтахлил шудааст. Муаллиф таъкид бар он мекунад, ки ҷанбаи зикршудаи мундариҷаи иҷтимоию иқтисодии иқтидори меҳнатӣ барои минтақа хос буда, вале то андозае танг аст, зеро на дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон барзиёданд, ки микдори иқтидори меҳнатӣ аз талаботи он зиёд ба чашм мерасад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

иқтидори меҳнатӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, минтақа, қувваи корӣ, захираҳои меҳнатӣ