ҶАНБАЪҲОИ НИҲОДШИНОСИИ МАХСУСИЯТИ ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (23-Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович.pdf)Садриддинов М.И. Ҷанбаъҳои ниҳодшиносии махсусияти ҳамгироии иқтисодии давлатҳои Осиѐи Марказӣ дар шароити муосир.45

 

МУАЛЛИФ: Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, и.в. директори Филиали МДТ “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” дар ш. Хуҷанди вилояти Суғд

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии ҳамгироии иқтисодӣ дар асоси унсурҳои ниҳодшиносӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Қайд мегардад, ки ҳамгироии иқтисодӣ дар баробари омилҳои таъсиррасонии иқтисодӣ, инчунин зери таъсири омилҳои ғайрииқтисодӣ низ метавонад ташаккул ёбад. Пешниҳод карда мешавад, ки механизми амалкарди ҳамгироии иқтисодӣ ниҳодшиносӣ баромад намуда, он дар ташаккул ва густариши муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шавад ва он аз ҳисоби унсурҳои ниҳодӣ, ба монанди урфу одат, расму оин, анъана фаъолияти субъектҳои иқтисодиро беҳтар гардонад. Дар мақола инчунин таъкид мегардад, ки рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ вобаста аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши қувваҳои истеҳсолкунанда, шаклҳои махсусгардонӣ, диверсификатсияи истеҳсолот, мувофиқаткунонӣ кооператсия ва аз ҳамгироии иқтисодӣ дар сатҳи минтақавӣ вобастагӣ доранд.  Муҳтавои асосии мақола дар он аст, ки таъминоти ниҳодии ҳамгироии иқтисодӣ дар сатҳи минтақавӣ нишон медиҳад, ки дар фазои минтақаи таҳқиқгардида ниҳодҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, низоми таъминоти ташкилӣ-ҳуқуқии ҳамгироии иқтисодӣ, мақомотҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ ва низоми таъминоти ниҳодӣ гуногун буда, механизмҳои қабули қарорҳои идоракунӣ ва ҳамкорӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ниҳодшиносӣ, ҳамгироии иқтисодӣ, ҷараёнҳои ҳамгироӣ, иқтисодиёти минтақавӣ, Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтидори иқтисодӣ