2022 сол
АМСИЛАИ ИҚТИСОДИЮ РИЁЗИИ ТАЛАБОТ БА ХИЗМАТРАСОНӢ БО НАЗАРДОШТИ РУШДИ УСТУВОРИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРКАШОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
МУАЛЛИФ: Раҷабова Зиёдамоҳ Ҷумаевна - ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 734061, Тоҷикистон, Душанбе
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола баъзе ҷанбаҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони шаҳрӣ бо назардошти ташаккули фармоиши давлатӣ, ташкили идоракунӣ ва истифодаи натиҷаҳои омӯзиши ҷараёни мусофиркашонӣ дар шабакаи хатсайрҳо, тағйир додани тарифу маҷмӯи хароҷот, рушди устувори инноватсионии корхонаҳои нақлиёти автомобилии мусофиркашони шаҳрӣ дида баромада шудааст. Интихоби омилҳое, ки ба талаботи аҳолии шаҳр ба хизматрасонии нақлиёти автомобилии мусофиркашонӣ таъсир мерасонанд, бо истифода аз натиҷаҳои баҳодиҳии дараҷаи мувофиқати андешаҳои коршиносон дар асоси ҳисобкунии коэффисиенти мувофиқат сурат гирифтааст Амсилаи иқтисодию риёзии таҳия ва пешгўии ҳаҷми хизматрасониҳои нақлиёти автомобилии мусофиркашон барои давраи то соли 2030 дар шаҳри Душанбе муайян карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
хизматрасонии нақлиётӣ, омилҳо, ташаккули талабот, рушди устувори инноватсионӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилии шаҳрӣ, амсилаи иқтисодию риёзӣ, пешгӯӣ.