дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

ТАЪСИРИ НАВОВАРИҲО БА РУШДИ БОЗОРИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ АВТОМОБИЛӢ ДАР МУЗОФОТИ ДЕҲОТ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (18-Джалилов Умарджон Джамилович.pdf)Ҷалилов У.Ҷ.Таъсири навовариҳо ба рушди бозори хизматрасонии нақлиѐти мусофирбари автомобилӣ дар музофоти деҳот15

 

МУАЛЛИФ: Ҷалилов Умарҷон Ҷамиловаич – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи  ташкили боркашонӣ ва идоракунӣ дар нақлиёт, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола асосҳои назариявӣ ва методологии таъсири инноватсионӣ оид ба рушди бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилии мусофирбарии деҳот омӯхта шудааст. Муайян кардани афзалияти ташаккул ва рушди идоракунии инноватсионӣ дар нақлиёт, махсусан дар деҳот, гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Мушкилиҳои асосии раванди ҷорӣ намудани навигариҳои соҳаи наклиёти автомобилӣ тавсиф карда шудаанд. Омилҳое, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодиро таҳлил мекунанд, инчунин таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ гузаронида шуда, схемаи умумии давраи инноватсионӣ барраси карда мешавад. Баррасии таҳияи стратегияи нави рушди устувор, рисолати давлат дар соҳаи фаъолият ва рушди нақлиёти мусофирбар. Қарорҳои инноватсионӣ барои таъмини муваффақият ва татбиқи арзиши экологӣ ва иқтисодии бозорҳои нақлиёти автомобилӣ оварда шудаанд. Тадбирҳои муҳим ва катъии рушди инноватсионии наклиёти автомобилӣ номбар шудаанд. Самтҳо барои ноил шудан ба ҳадафи асосӣ - баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои хидматрасон пешниҳод карда мешавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

инноватсия, бозор, нақлиёти мусофирбарӣ, хидматрасонӣ, самаранокӣ, иқтисодиёти корхона, оптимизатсия.