МОДЕЛИ РАФТОРИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ДАР БОЗОРИ МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (19-Қосимова Малика Ҳомидхоҷаевна.pdf) Қосимова М.Ҳ.Модели рафтори шабакаҳои телевизион дар бозори мол ва хизматрасонии телевизионӣ47

 

МУАЛЛИФ:  Қосимова Малика Ҳомидхоҷаевна - омӯзгори калони кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти  ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ соҳаи телевизион ва радиошунавоӣ ғайрианъанавӣ мебошад, чунки моли худро истеҳсол намуда, вай якбора дар ду бозор  –  бозори мол ва хизматҳо амал менамояд. Соҳаи телевизионии иқтисодиёт як мисоли муқоисашавандаи ҷолиб мебошад, ки дар он таъсири рақобат барои васеъ кардани навъ ва сифати мол мусоидат намекунад. Барои ҳалли ин проблемаи илмӣ, аз ҷониби иқтисоддонҳои гуногун модели интихоби барномаҳо таҳия карда шуданд. Аммо вақтҳои охир онҳо дар зери таъсири тамоюлҳои муосир дар рушди бозори мол ва хидматрасонии телевизионӣ вайрон шуда истодаанд. Дар робита ба ин дар мақолаи мазкур, сараввал мафҳум асосии бозори мол ва хизматрасониҳои телевизионӣ баррасӣ гардидамуносибати комилан нав, ки муносибатҳои ширкатҳои телевизиониро дар бозор дар асоси модели иқтисодӣ ва математика тасвир мекунанд, оварда шудааст. Дар мақолаи мазкур инчунин усулҳое, ки тамоюлоти такроршавии барномаҳои рақобаткунандаро ба назар гирифтаанд,модели Ҷ.Биба ва постулати П. Даннет мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

бозори мол ва хизматрасониҳои телевизионӣ, модели иқтисодӣ - математикӣ, стратегияи канал, модели интихобӣ, рафтори бозории шабакаҳои телевизионӣ